Э.Раҳмон бо сарони кишварҳои Эрон, Қазоқистон ва Русия дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуд

Date:



          Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс»




Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфтугӯйи пурмӯҳтаво оид ба доираи васеи масоили ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамзабон сурат гирифт.




Таваҷҷӯҳи зиёд ба масоили сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, нақби Чормағзак, роҳҳои оҳану мошингарди байни Тоҷикистон ва Афғонистону Эрон, хатҳои минтақавии интиқоли нерӯйи барқ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ зоҳир гардид. Дар мулоқот ҳамчунин ба ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои

 

Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ мароқ зоҳир карда шуд.



Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуд.


Дар вохӯрӣ оид ба маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон, ки барои он заминаи фарохи қарордодию ҳуқуқӣ дар сатҳу зинаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байнидоравӣ ва

 

байни доираҳои соҳибкории

 

ду кишвар муҳайё гаштааст, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.



Сарони ду давлат омодагии худро баҳри густариши ҳамҷонибаи ҳамкориҳо, аз ҷумла ҷиҳати таъмини Тоҷикистон бо орду ғалла ва маҳсулоти нафтӣ таъкид намуданд.



Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

бо Президенти Федератсияи Россия

 

Дмитрий Медведев мулоқот намуд.



Дар вохурӣ масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.



Таваҷҷӯҳи махсус ба рушди ҳамкориҳои бунёдии иқтисодии байни ду шарики стратегӣ ва ҳамгироиҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ зоҳир гардид.



Дар вохӯрӣ ҳамчунин оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...