Э.Раҳмон: Тоҷикистон таъсиси Маркази махсуси СҲШ оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Душанберо пешниҳод мекунад

            Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт, ки нишасти СҲШ пурмаҳсул сурат гирифта, дар рафти он маҷмӯи васеи масъалаҳо баррасӣ шуданд.             Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони нишаст густариши ҳамкориҳоро дар доираи созмон эътироф карда, масоили рӯзномаи ҷаласаро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор доданд […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми нишасти Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) изҳор дошт, ки нишасти СҲШ пурмаҳсул сурат гирифта, дар рафти он маҷмӯи васеи масъалаҳо баррасӣ шуданд.





           

Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони нишаст густариши ҳамкориҳоро дар доираи созмон эътироф карда, масоили рӯзномаи ҷаласаро ҳамаҷониба мавриди муҳокима қарор доданд ва аз фаъолияти созмон дар тӯли як сол натиҷагирӣ намуданд.




           

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки «бо мавриди амал қарор гирифтани Муоҳидаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки барои созмони минтақавӣ санади беназир аст, имконоти мусоид барои тавсиаи ҳамкориҳо фароҳам оварда мешаванд. «Акнун нақшаи самарабахши тадбирҳои муштараки амалӣ сохтани ҳар нукта ва моддаҳои онро таҳия карда қабул намудан мумкин аст», – гуфт ӯ.




           

«Тайи муддати сипаригашта дар ҳамаи самтҳои ҳамкории мутақобила, аз ҷумла дар соҳаи амният, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра корҳои бузурге ба анҷом расиданд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки фаъолияти босамари ҳамарӯзаи Котиботи СҲШ, Сохтори минтақавии зиддитеррорӣ, Итттиҳоди байнибонкӣ ва Шӯрои тиҷоратии созмон имкон дод, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда иқдомоти назаррас сурат бигиранд.




           

Э.Раҳмон чунин баён дошт: «Сарони кишварҳо натиҷаҳои мусбати фаъолияти созмонро зикр намуда, зарурати ҷалби бештари кишварҳои нозири созмонро дар барррасии масоили матраҳшудаи созмон таъкид сохтанд. Чунин иқдом самаранокии фаъолияти моро афзун месозад». Сарвари давлати Тоҷикистон изҳор дошт, ки иштирокдорони ҷаласа масоили ҷараёни равандҳои минтақавиро муфассал муҳокима намуда,

 

масъалаҳои мушкилоти глобалӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, амнияти энергетикиву ғизоиро мавриди таҳлил қарор доданд.




           

«Таваҷҷӯҳи Шуморо бори дигар ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи ташкили Маркази махсуси СҲШ дар масъалаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор дар Душанбе ҷалб карданиам, ки он ба самаранокии амалиёти муштарак дар ин самт мусоидат хоҳад кард», – гуфт Э.Раҳмон.




           

«Мулоқоту гуфтушунид ва табодули афкор нишон доданд, ки тамоми кишварҳои узв, нозир ва меҳмони нишаст ҷонибдори густариши минбадаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи созмон мебошанд ва ин имкон медиҳад, ки ба ояндаи созмон некбинона назар андозем», – таъкид сохт сарвари давлати Тоҷикистон.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.