Ифтитоҳи нишасти СҲШ дар Душанбе

Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад. Дар оғоз гуфтушунидҳои алоҳида сурат гирифта, сипас мулоқоти васеи сарони кишварҳои узви созмон – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон , Ӯзбекистон ва кишварҳои нозири созмону меҳмонон – роҳбарони давлатҳои Афғонистону Эрон […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Кохи «Сомон»-и бӯстонсарои ҳукуматӣ ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кор шурӯъ мекунад.




Дар оғоз гуфтушунидҳои алоҳида сурат гирифта, сипас мулоқоти васеи сарони кишварҳои узви созмон – Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон , Ӯзбекистон ва кишварҳои нозири созмону меҳмонон – роҳбарони давлатҳои Афғонистону Эрон ва Муғулистон ва ҳайатҳои намояндагони Покистону Ҳиндустон баргузор мешавад.



Дар ҷаласа масоили рушди иқтисод ва мубориза бо таҳдидҳои замони муосир дар қаламрави кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ин мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва такмили механизмҳои фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин оид ба кишвари раисикунандаи СҲШ дар давраи солҳои 2009-2010, роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои минтақа ва ҷаҳон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо табодули назар сурат хоҳад гирифт.



Барои инъикоси рафти саммити СҲШ беш аз 700 нафар намояндагони расонаҳои хабарии хориҷӣ, аз ҷумла аз ширкатҳои маъруфи иттилоотии дунё аллакай дар Вазорати корҳои хориҷӣ номнавис шудаанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.