Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-2» тавофуқ ҳосил карданд

Date:


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хингоб ба имзо расид.




Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ёддошт омодагии ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо дар рушди энергетика ва таҳқиқи заминаҳои иқтисодиву фаннии иншооти энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон зикр гардидааст.



Тибқи муқаррароти санад, ширкати чиноӣ дар сурати ҳалли масъалаи маблағгузории сохтмони иншоот таҳияи лоиҳа ва бунёди нерӯгоҳро ба зимма мегирад.



«Маблағи арзиши сохтмон пас аз омода сохтани заминаи иқтисодиву фаннӣ ва ташхиси минбаъдаи он дақиқан муайян карда мешавад, – изҳор дошт манбаъ. – Барои татбиқи муқаррароти ёддошт ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи заминаи иқтисодиву фаннӣ ва сохтмони нерӯгоҳ шартномаи ҷудогона хоҳанд баст».



Маълумотнома: Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Нуробод-2» 200 МВт буда, тавлиди ҳамасолаи нерӯи барқ дар он 740 млн. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...