Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» ҷиҳати сохтмони нерӯгоҳи «Нуробод-2» тавофуқ ҳосил карданд

Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хингоб ба имзо расид. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ёддошт омодагии ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 27-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Душанбе Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати чиноии «Sinohydro» дар бораи сохтмони нерӯгоҳи обию барқии «Нуробод-2» дар рӯдхонаи Хингоб ба имзо расид.




Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ёддошт омодагии ҷонибҳо оид ба амалисозии лоиҳаҳо дар рушди энергетика ва таҳқиқи заминаҳои иқтисодиву фаннии иншооти энергетикӣ дар қаламрави Тоҷикистон зикр гардидааст.



Тибқи муқаррароти санад, ширкати чиноӣ дар сурати ҳалли масъалаи маблағгузории сохтмони иншоот таҳияи лоиҳа ва бунёди нерӯгоҳро ба зимма мегирад.



«Маблағи арзиши сохтмон пас аз омода сохтани заминаи иқтисодиву фаннӣ ва ташхиси минбаъдаи он дақиқан муайян карда мешавад, – изҳор дошт манбаъ. – Барои татбиқи муқаррароти ёддошт ҷонибҳо ҷиҳати таҳияи заминаи иқтисодиву фаннӣ ва сохтмони нерӯгоҳ шартномаи ҷудогона хоҳанд баст».



Маълумотнома: Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Нуробод-2» 200 МВт буда, тавлиди ҳамасолаи нерӯи барқ дар он 740 млн. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.