ҲНИТ Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард

Date:


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи навбатии раёсати ҳизб санади Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард.




Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рисолати ҳизб дар санад бо якчанд нукта ифода гардидааст, аз ҷумла ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта аз нигоҳи иқтисодӣ, мустақил, озод ва босубот, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди демократия. «Нуктаҳои мазкур вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб мебошанд, ки бояд бо арзишҳои милливу мазҳабӣ ва умумиинсонӣ тавъам бошанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли ӯ, чунин арзишҳо аз худшиносиву худошиносӣ, масъулиятшиносиву риояи бечунучарои қонун, адолату демократия ва некӯаҳволӣ ва каромати инсон иборатанд.



Ҳ.Сайфуллозода ҳамчунин қайд кард, ки барои татбиқи стратегияи мазкур дар сохтори ҳизб тагйиротҳо ба вуҷуд омаданд – шӯъбаҳои таҳлил ва барномарезӣ, иршоду таблиғ, ташкилӣ ва назорат, иқтисод, кадрсозӣ ва интихобот таъсис дода шуданд, ки марҳилаи аввали рушди ҳизб маҳсуб мегарданд.



«Барои расидан ба ҳадаф мо механизми мушаххаси амалисозии стратегияи мазкурро таҳия месозем», – гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки муқаррароти асосии санад зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...