ҲНИТ Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард

Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи навбатии раёсати ҳизб санади Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард. Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рисолати ҳизб дар санад бо якчанд нукта ифода гардидааст, аз ҷумла ноил шудан ба бунёди […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 29-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ҷаласаи навбатии раёсати ҳизб санади Стратегияи «Рисолат ва арзишҳои ҲНИТ дар давраи солҳои 208-2015»-ро қабул кард.




Сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки рисолати ҳизб дар санад бо якчанд нукта ифода гардидааст, аз ҷумла ноил шудан ба бунёди ҷомеаи пешрафта аз нигоҳи иқтисодӣ, мустақил, озод ва босубот, волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ ва рушди демократия. «Нуктаҳои мазкур вазифаи аввалиндараҷаи ҳизб мебошанд, ки бояд бо арзишҳои милливу мазҳабӣ ва умумиинсонӣ тавъам бошанд», – гуфт ӯ.



Ба қавли ӯ, чунин арзишҳо аз худшиносиву худошиносӣ, масъулиятшиносиву риояи бечунучарои қонун, адолату демократия ва некӯаҳволӣ ва каромати инсон иборатанд.



Ҳ.Сайфуллозода ҳамчунин қайд кард, ки барои татбиқи стратегияи мазкур дар сохтори ҳизб тагйиротҳо ба вуҷуд омаданд – шӯъбаҳои таҳлил ва барномарезӣ, иршоду таблиғ, ташкилӣ ва назорат, иқтисод, кадрсозӣ ва интихобот таъсис дода шуданд, ки марҳилаи аввали рушди ҳизб маҳсуб мегарданд.



«Барои расидан ба ҳадаф мо механизми мушаххаси амалисозии стратегияи мазкурро таҳия месозем», – гуфт ӯ ва таъкид сохт, ки муқаррароти асосии санад зимни баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ истифода бурда мешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.