ҶСК «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии «AVERS»-ро ҷорӣ месозад

Date:


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии «


AVERS


»-ро ҷорӣ месозад. Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки низоми мазкур соли 2005 аз ҷониби Бонки «Молия ва қарз» роҳандозӣ карда шудааст ва тавассути он интиқоли маблағҳо бо пули евро ва доллари Амрико сурат мегиранд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар низоми мазкур барои хизматрасонӣ 1,3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағи интиқолшаванда ба суратҳисоби бонк пардохт мегардад. «Низоми мазкур ба тоҷикистониён имкон медиҳад, ки маблағҳои худро аз тамоми гӯшаву канори дунё ба ватан ё баръакс аз ватан ба дигар ҷо интиқол диҳанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Ба воситаи ин низом маблағҳо бидуни боз намудани суратҳисоб дар бонк ба ҷои дигар интиқол дода мешаванд ва дар як они воҳид маблағ соҳиби худро пайдо хоҳад кард», – зикр кард сарчашма ва афзуд, ки айни замон дар ҶСК «Агроинвестбонк» таҷҳизоти низоми мазкур насб мегардад ва рӯзҳои наздик бонк хизматрасониро бо чунин тарз ба мизоҷон пешниҳод хоҳад намуд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...