ҶСК «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии «AVERS»-ро ҷорӣ месозад

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии « AVERS »-ро ҷорӣ месозад. Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки низоми мазкур соли 2005 аз ҷониби Бонки «Молия ва қарз» роҳандозӣ карда шудааст ва тавассути он интиқоли маблағҳо бо пули евро ва доллари Амрико сурат […]

Фирдавс Муртазоев


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии кушоди (ҶСК) «Агроинвестбонк» низоми интиқоли маблағҳои пулии «


AVERS


»-ро ҷорӣ месозад. Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки низоми мазкур соли 2005 аз ҷониби Бонки «Молия ва қарз» роҳандозӣ карда шудааст ва тавассути он интиқоли маблағҳо бо пули евро ва доллари Амрико сурат мегиранд.




Бино ба иттилои манбаъ, дар низоми мазкур барои хизматрасонӣ 1,3 фоиз аз ҳаҷми умумии маблағи интиқолшаванда ба суратҳисоби бонк пардохт мегардад. «Низоми мазкур ба тоҷикистониён имкон медиҳад, ки маблағҳои худро аз тамоми гӯшаву канори дунё ба ватан ё баръакс аз ватан ба дигар ҷо интиқол диҳанд», – изҳор дошт манбаъ.



«Ба воситаи ин низом маблағҳо бидуни боз намудани суратҳисоб дар бонк ба ҷои дигар интиқол дода мешаванд ва дар як они воҳид маблағ соҳиби худро пайдо хоҳад кард», – зикр кард сарчашма ва афзуд, ки айни замон дар ҶСК «Агроинвестбонк» таҷҳизоти низоми мазкур насб мегардад ва рӯзҳои наздик бонк хизматрасониро бо чунин тарз ба мизоҷон пешниҳод хоҳад намуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.