Котибони Шӯрои амнияти Паймони амнияти дастаҷамъӣ вазъи Қафқозро баррасӣ мекунанд

Date:


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои шомили Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қатори масоили дигар ҳамчунин қазияи Қафқоз низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




Дар иттилоияи интишорнамуда қайд карда мешавад, ки иштирокдорони ҷаласа дар қатори баррасии масъалаҳои тамоили рушди вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, мубориза бо пешгирии таҳдидҳои замони муосир, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пешин ҳамчунин қазияи ҳуҷуми Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили тайёр кардани мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус, сӯхторнишонӣ, пешгирӣ ва наҷоти шахсони ба садама дучоргардидаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ матраҳ хоҳад гардид. «Муҳокимаи масоили тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ташаккули низоми амнияти иттилоотӣ ва лоиҳаи нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2008-2012 низ дар назар аст», – гуфта мешавад дар иттилоия.



Ёдрас мекунем, ки ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...