Котибони Шӯрои амнияти Паймони амнияти дастаҷамъӣ вазъи Қафқозро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои шомили Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қатори масоили дигар ҳамчунин қазияи Қафқоз низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Дар иттилоияи интишорнамуда қайд карда мешавад, ки иштирокдорони ҷаласа дар қатори баррасии масъалаҳои тамоили рушди вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, мубориза бо пешгирии таҳдидҳои замони муосир, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ҷаласаи навбатии котибони Шӯрои амнияти кишварҳои шомили Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ дар қатори масоили дигар ҳамчунин қазияи Қафқоз низ мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.




Дар иттилоияи интишорнамуда қайд карда мешавад, ки иштирокдорони ҷаласа дар қатори баррасии масъалаҳои тамоили рушди вазъи иҷтимоиву сиёсӣ, мубориза бо пешгирии таҳдидҳои замони муосир, иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои пешин ҳамчунин қазияи ҳуҷуми Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро низ мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.



Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа ҳамчунин масоили тайёр кардани мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти махсус, сӯхторнишонӣ, пешгирӣ ва наҷоти шахсони ба садама дучоргардидаи Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ матраҳ хоҳад гардид. «Муҳокимаи масоили тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ташаккули низоми амнияти иттилоотӣ ва лоиҳаи нақшаи амалиёти муштарак оид ба татбиқи Стратегияи зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид барои солҳои 2008-2012 низ дар назар аст», – гуфта мешавад дар иттилоия.



Ёдрас мекунем, ки ба Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомиланд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.