Овозхони ҷавони тоҷик соҳиби Гран-прии озмуни байнулмилалӣ

Date:



Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид.


Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд.




Дар муддати се рӯзи ҳунарнамоӣ ба Таҳмина Ниёзова муяссар гардид, ки аз ҳама бештар овози тамошобинон – 216 холро соҳиб шавад. Ҷои дуввум бо 215 хол насиби гурӯҳи «Кватро» гардид.



Бо ғалабаи Т.Ниёзова, акнун мизбони ояндаи озмуни навбатии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» шаҳри Душанбе мешавад. Ҷозаи Гран-приро ба овозхони ҷавони тоҷики раиси ҳакамони озмун, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон супурд.



Овозхони тоҷик дар озмун ба тамошобинон дар рӯзи аввал суруди «Занги телефон» бо забони тоҷикӣ, дар рӯзи дуввум суруди «Гулҳои зери барф» аз эҷодиёти Лариса Долина бо забони русӣ ва дар рӯзи севум суруди «


Hero


»-ро аз эҷодиёти сарояндаи англис Мерай Кэрри пешкаш кард.






Дар озмун сарояндагони синни 16 то 30 солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Назди Балтика иштирок карданд ва Т.Ниёзова дар байни онҳо овозхони ҷавонтарин буд ва аз байни 11 нафар довталабон ба ӯ ғалаба насиб гардид.



 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related