Овозхони ҷавони тоҷик соҳиби Гран-прии озмуни байнулмилалӣ

Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид. Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии SMS муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд. Дар муддати […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 1-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» –


Овозхони ҷавони тоҷик Таҳмина Ниёзова соҳиби ҷоизаи Гран-прии озмуни байнулмилаии овозхонони ҷавон «Панҷ ситора. Интервидение» гардид.


Озмун тайи се рӯз дар шабакаи телефизионии «ОРТ»-и Русия намоиш дода шуда, ғолибон тавассути овоздиҳии


SMS




муайян карда шуданд. Ӯ ҳамчунин бо мукофоти «Санҷиши ҳунар дар Интервидение» низ сарфароз гардонида шуд.




Дар муддати се рӯзи ҳунарнамоӣ ба Таҳмина Ниёзова муяссар гардид, ки аз ҳама бештар овози тамошобинон – 216 холро соҳиб шавад. Ҷои дуввум бо 215 хол насиби гурӯҳи «Кватро» гардид.



Бо ғалабаи Т.Ниёзова, акнун мизбони ояндаи озмуни навбатии «Панҷ ситора. Интервидение-2009» шаҳри Душанбе мешавад. Ҷозаи Гран-приро ба овозхони ҷавони тоҷики раиси ҳакамони озмун, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобзон супурд.



Овозхони тоҷик дар озмун ба тамошобинон дар рӯзи аввал суруди «Занги телефон» бо забони тоҷикӣ, дар рӯзи дуввум суруди «Гулҳои зери барф» аз эҷодиёти Лариса Долина бо забони русӣ ва дар рӯзи севум суруди «


Hero


»-ро аз эҷодиёти сарояндаи англис Мерай Кэрри пешкаш кард.






Дар озмун сарояндагони синни 16 то 30 солаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Назди Балтика иштирок карданд ва Т.Ниёзова дар байни онҳо овозхони ҷавонтарин буд ва аз байни 11 нафар довталабон ба ӯ ғалаба насиб гардид.



 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.