Дар Кӯлоб моҳи январи соли оянда нерӯгоҳи хурди барқӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт

Date:


Кӯлоб. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Кӯлобдеҳсохтмон» бунёди канали обпартои нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар маҳаллаи канори шаҳри Кӯлобро ба анҷом расониданд.




Раиси ҷамъияти саҳомӣ Бобоҷон Пираков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар тендери сохтмон ва ба истифода додани он ҷамъият ғолиб дониста шуда, иқтидори нерӯгоҳ 250 кВт аст, ки он на танҳо маҳаллаҳои аҳолинишин, балки корхонаҳои саноатиро низ бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард.



«Сохтмони нерӯгоҳ аз ҷониби Маркази сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обиву барқии

 

ҷумҳурӣ дар назди вазорати энергетика ва саноати кишвар маблағгузорӣ карда мешавад», – гуфт Б.Пираков ва афзуд, ки арзиши лоиҳавии иншоот 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



Б.Пираков мутмаин аст, ки моҳи январи соли 2009 нерӯгоҳи хурд ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳад кард. «Мутахассисони мо барои овардани таҷҳизоти нерӯгоҳ рӯзҳои наздик озими Чин мешаванд ва то насби онҳо бунёди боз як каналро ба итмом расонидан зарур аст», – гуфт ӯ дар анҷом.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...