Роҳбари сотсиал-демократҳо барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кард

Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба Прокуратураи генералӣ мурочҷиат кард. Мавсуф изҳор дошт, ки дар ариза ӯ аз прокурори генералӣ хоҳиш кардааст, то ба амали мансабдорон, ки саривақт ба изҳороти ӯ ба сарвари давлат посух надоданд, баҳо диҳад. Ёдрас мекунем, ки дар […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ ба Прокуратураи генералӣ мурочҷиат кард.




Мавсуф изҳор дошт, ки дар ариза ӯ аз прокурори генералӣ хоҳиш кардааст, то ба амали мансабдорон, ки саривақт ба изҳороти ӯ ба сарвари давлат посух надоданд, баҳо диҳад.



Ёдрас мекунем, ки дар изҳорот бо дарки ҳисси миллӣ ва нияти нек ташаббуси ҳамкории созанда пешниҳод гардида, аз сарвари давлат дархост шуда буд, ки раиси ҳизбро ба муддати 2 сол вазири адлия таъин намояд. Ба қавли раиси ҲСДТ, ҳадаф аз чунин муроҷиат – «нияти барпо сохтани асосҳои воқеии кишвари ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон буд».






«Пас аз як моҳи муроҷиат, 22-уми июн ман аз номи муовини раиси роҳбари дастгоҳи президент Маҳкам Маҳмудов посух гирифтам, ки муроҷиатномаи мазкур ба мушовири давлатии президент Саймурод Фаттоев равона шудааст, вале аз он замон то имрӯз ду моҳ сипарӣ гашт, вале то ҳол ман ҷавобе нагирифтаам», – гуфт Р.Зойиров.





Мавсуф мегӯяд, ки тибқи моддаи 12-и Қонуни ҶТ «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», мӯҳлати охирини ҷавоб бояд як моҳ, яъне то 22-уми июлро дар бар мегирад. «Дар қонун ҳамчунин баъзе истисноҳо пешбинӣ шудаанд, вале бо назардошти он ҳам, мӯҳлати охирини ирсоли посух 22-уми август аст, яъне мӯҳлати муқарраршуда тибқи қонун гузашт, – гуфт ӯ.





«Аз ин рӯ, тибқи моддаи 163-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қонуншиканӣ дар муроҷиати шаҳрвандон), ман ният дорам ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намоям», – таъкид сохта буд раиси ҲСДТ ва афзуда буд, ки дар оғоз ӯ ба Прокуратураи генералӣ ҷиҳати мушаххас сохтани ҷавобгар дар ин ҳолат муроҷиат хоҳад кард.   


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.