Дар Кӯлоб қарздоронро аз истифодаи нерӯи барқ маҳрум месозанд

Кӯлоб. 4-уми секентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти истеҳсолии хусусии «Сайёра», ки барои истифодаи нерӯи барқ ба маблағи 900 сомонӣ қарздор аст, имрӯз аз истифодаи он маҳрум карда шуд. Сардори шабакаҳои фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб Абдунабӣ Илёсов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон маблағи қарзи умумии истифодаи нерӯи барқ дар шаҳр ва ноҳияи […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 4-уми секентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти истеҳсолии хусусии «Сайёра», ки барои истифодаи нерӯи барқ ба маблағи 900 сомонӣ қарздор аст, имрӯз аз истифодаи он маҳрум карда шуд.




Сардори шабакаҳои фурӯши барқи шаҳри Кӯлоб Абдунабӣ Илёсов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки айни замон маблағи қарзи умумии истифодаи нерӯи барқ дар шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 2 млн. 66 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 833,2 ҳазор аз он қарзи аҳолӣ ва 161,8 ҳазори он қарзи корхонаву муассисаҳои буҷетӣ аст.



Ба қавли ӯ, агар истифодабарандагони дигар низ маблағи қарзро насупоранд, онҳоро низ чунин тақдир интизор аст. «Қарздорони аз ҳама бештар Идораи обёрикунии мошинии ноҳияи Восеъ (260,6 ҳазор сомонӣ) ва Идораи хоҷагии оби Кӯлоб (239 ҳазор сомонӣ) мебошанд», – гуфт ӯ.



«Ҳамчунин муассисаҳои Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби ҷумҳурӣ – КМСМ-3, КСМ-12, як қатор муассисаҳои нақлиёт, ҶСК «Кӯлобгаз» ва меҳмонхонаи Хатлон низ аз пардохтани маблағи истифодаи нерӯи барқ саркашӣ мекунанд», – афзуд А.Илёсов.

 


 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.