Душанбе. 4-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар машварат бо соҳибкорону тоҷирон, роҳбарони бозорҳои пойтахт ва кормандони масъули сохтори назоратии шаҳр дар соҳаи байторӣ, беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мақомоти дахлдори дигари шаҳр аз соҳибкорон талаб кард, ки бо дарназардошти изҳороти сарвари давлат дар моҳи шарифи Рамазон нархи маводи ғизои аввалияро арзон кунанд. Дар ин бора сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод.
Дар машварат масъалаҳои марбут ба изҳороти президент оид ба паст кардани нархи маводи ғизоӣ дар моҳи Рамазон баррасӣ шуда, тавсия дода шуд, ки нархҳои ҳамаи навъи маводи ғизоӣ то 20 фоиз арзон карда шавад.
Ба қавли Ш.Саидов, дар посух ба муроҷиати раиси пойтахт тоҷирони дӯконҳои гӯштфурӯшии маҳаллаи 33-уми шаҳри Душанбе ваъда доданд, ки нархи гӯшти ғусфанд ва бузро 10 фоиз арзон мекунанд.


