Ҳукуматдорони шаҳри Душанбе ба иллати афзоиши бесобиқаи нархи маводи ғизоӣ фаъолияти бозори «Зарнигор»-ро қатъ намуданд

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукуматдорони шаҳри Душанбе назоратро аз болои нархҳо ба маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр намуданд. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз бозорҳои шаҳри Душанбе боздид карда, шоҳиди он гардид, ки ҳақиқатан ҳам дар бозорҳои пойтахт нархи маводи ғизои аввалия арзон шудааст. Масалан, нархи як халта орди навъи якум дар бозори маҳаллаи […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳукуматдорони шаҳри Душанбе назоратро аз болои нархҳо ба маводи ғизоӣ дар бозорҳои пойтахт пурзӯр намуданд. Хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» аз бозорҳои шаҳри Душанбе боздид карда, шоҳиди он гардид, ки ҳақиқатан ҳам дар бозорҳои пойтахт нархи маводи ғизои аввалия арзон шудааст.




Масалан, нархи як халта орди навъи якум дар бозори маҳаллаи Зарафшон аз 122-125 сомонӣ то 117 сомонӣ ва нархи зарфи шашлитраи равғани пахта аз 35 сомонӣ то 28 сомонӣ арзонтар шудааст. Ҳамчунин арзиши сабзавоту мева низ поин рафтааст. Мардум чунин тамоилро ба изҳороти сарвари давлат ва рейдҳои гузарондаи Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» нисбат медиҳанд, ки коргарони ин корхона ба тоҷирон арзон кардани маводи ғизои ниёзи аввалияро тавсия медиҳанд.



Дирӯз ҳукуматдорони шаҳр фаъолияти бозори «Зарнисор»-и маҳаллаи 102-уми пойтахтро қатъ сохтанд, зеро дар ин ҷо рӯзҳои ахир нархи маҳсулоти кишоварзӣ бамаротиб қимат шудааст. Дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» чанде аз мизоҷони бозор изҳор доштанд, ки рӯзҳои ахир дар ин бозор нархи 1 кило ангур – то 10 сомонӣ, зироати полизӣ – то 20-30 сомонӣ ва 1 кило гӯшти гов – то ба 20-22 сомонӣ расидааст.

 



Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.