Бо қарори додгоҳ собиқ корманди радиои «Озодӣ» дар ҷои кори пешинааш барқарор гардид

Date:


          



           

Душанбе. 5-уми сентябр. – Дар Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ мурофиаи ниҳоӣ аз рӯи даъвои журналист Холиқи Сангин алайҳи радиои «Озодӣ» ба фоидаи журналисти тоҷик ба итмом расид.





           

Ҳамоҳангсози Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Воҳидов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки суд радиоро муваззаф кардааст, ки музди давраи бекорбудаи рӯзноманигорро пардохт намояд.




           

«Ҳалнома то ҳанӯз ҳукми қонуниро нагирифтааст ва дар сурати норизо будан ҷонибҳо метавонанд шикояти кассатсионӣ баранд», – зикр кард манбаъ.




           

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи мазкур моҳи ноябри соли 2007 оғоз гардида буд. Холиқи Сангин даъво оварда буд, ки қарордоди меҳнатӣ бо ӯ аз ҷониби радиои «Озодӣ» ғайриқонунӣ бекор шудааст ва талаб дошт, ки радио ба ӯ 50 ҳазор доллари ИМА товони зарари маънавӣ диҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...