Дар Душанбе муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат дар соли 2009» доир мегардад

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Душанбе муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди тиҷорат дар соли 2009» доир мегардад. Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин гузориши Бонки ҷаҳонӣ риштаи иқтисоди 181 кишвари дунё аз рӯи омилҳои асосии пешбурди тиҷорат мавриди баррасӣ қарор мегирад. […]

Виктория Наумова


Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Душанбе муаррифии гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди тиҷорат дар соли 2009» доир мегардад.




Аз бонки мазкур ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар ин гузориши Бонки ҷаҳонӣ риштаи иқтисоди 181 кишвари дунё аз рӯи омилҳои асосии пешбурди тиҷорат мавриди баррасӣ қарор мегирад.



Бино ба иттилои сарчашма, дар гузориш ҷараёни ислоҳот дар кишварҳое, ки ҷиҳати осонкунии пешбурди тиҷорат аз рӯи 10 нишондиҳандаи танзим чораҳо андешидаанд нишон дода мешавад. «Чораҳои мазкур барои баҳисобгирии вақт ва хароҷот, назардошти талаботи ҳукумат дар бобати ифтитоҳ ва роҳандозии фаъолияти тиҷоратӣ, савдо, пардохти андозҳо ва анҷоми муваффақонаи корҳои тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам месозанд», – изҳор дошт манбаъ ва афзуд, ки дар натиҷагириҳои дараҷавӣ соҳаҳои сиёсати макроиқтисодӣ, сифати зерсохтор, тағйирёбии қурби асъор, сатҳи огоҳии сармоягузорон ва мизони ҷинояткорӣ ба назар гирифта намешаванд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.