Шаҳрванди Уганда, ки бо маводи мухаддир дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардида буд, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд

Date:



           

Душанбе. 5-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе шаҳрванди Уганда – хонумеро, ки охирҳои моҳи майи соли равон аз ҷониби гумрукчиёни фурудгоҳи пойтахт бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт гардида буд, ба 19 соли зиндон маҳкум намуд.





           

Аз Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ба шаҳрванди хориҷӣ тибқи моддаҳои 32, 200 ва 289-и Кодекси ҷиноии ҶТ айбнома эълон шудааст.




           

Ёдовар мешавем, ки нозирони хадамоти гумруки фурудгоҳи пойтахт ҳангоми азназаргузаронии бағочи шаҳрванди Уганда аз он ба миқдори 30 кило маводи сахттаъсири героин дарёфт намуда буданд, ки боздоштшуда мехост онро ба Туркия интиқол диҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...