Аз 18 то 20 сенетябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи байналхалқии «Соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёти То
ҷ
икистон – 2008» баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ дастовардҳои охирини соҳаҳои сохтмон, энергетика, истихро
ҷ
и маъдан, барқ ва нафту газ намоиш дода хоҳад шуд.
Намоишгоҳ бо ташаббуси созмони ташкили намоишгоҳҳои Британияи Кабир бо к
ӯ
маки Ҳукумати То
ҷ
икистон, Палатаи савдо ва саноати
ҷ
умҳур
ӣ
, вазоратҳои энергетика ва саноат, нақлиёту алоқа, рушди иқтисод ва савдо, инчунин Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати То
ҷ
икистон ва Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати мамлакат гузаронида мешавад. Дар намоишгоҳ корхонаю ширкатҳои То
ҷ
икистону Русия, Украинаю Лаҳистон, Қазоқистон,
Ӯ
збекистон, Туркия ва Чин иштирок менамоянд.


