СААД аз мавқеъгирии Русия дар қазияи Қафқоз пуштибонӣ кард

           Душанбе. 6-уми сентябр – Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) зимни як эъломия ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум кардаанд. Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав эълон кард. Вай гуфт, сарони кишварҳои узви СААД ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум намуданд, ки […]

ozodi.org


           Душанбе. 6-уми сентябр – Сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) зимни як эъломия ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум кардаанд.




Дар ин бора раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар пайи нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Маскав эълон кард. Вай гуфт, сарони кишварҳои узви СААД ҳамлаи Гурҷистон ба Осетияи Ҷанубиро маҳкум намуданд, ки ин иқдоми низомӣ сабаби ҷанг миёни Русия ва Гурҷистон дар моҳи гузашта шуд.



Дмитрий Медведев гуфтааст, ки дар ҳамоиши сарони кишварҳо эъломияе қабул шуд, ки мавқеъи ягонаи кишварҳои узв дар масоили байнулмилалӣ, аз ҷумла авзоъ дар Қафқозро инъикос мекунад. Дар эъломи сарони кишварҳо омадааст, ки саъйи Гурҷистон барои бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани муноқиша, ки сабаби талафоти ҷонӣ шуд, кишварҳои узвро амиқан нигарон кардааст.



Русия, ки баъд аз муноқишаи моҳи август бо Гурҷистон ду минтақаи ҷудоихоҳи ин кишвар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт, мехоҳад то кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ ба он пайравӣ кунанд.



Аммо дар нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв, ки рӯзи панҷшанбе дар Маскав доир шуд, вазирони панҷ кишвар дар эъломияи ниҳоӣ бо дили нохоҳам аз Русия ҳимоят карданд, вале аз пазируфтани Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон ба ҳайси кишварҳои мустақил худдорӣ варзиданд.



Русия пас аз муноқиша бо Гурҷистон таҳти фишор ва интиқоди кишварҳои Ғарбӣ қарор гирифтааст ва талош дорад, то дар баробари ин фишорҳо тарафдории кишварҳои шарикашро ба даст орад ва ба Ғарб нишон бидиҳад, ки танҳо нест. Аммо танҳо Александр Лукашенко, раиси ҷумҳури Белорус, чанде пеш

 

бо тарафдорӣ аз иқдомоти Русия дар Қафқоз гуфт, Русия илоҷе ба ғайр ворид шудан ба қаламрави Гурҷистон ва рафъи ҳамлаи онҳо ба Осетияи Ҷанубӣ надошт.



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз нақши Русия дар Қафқоз ҳимоят карда, вале гуфтааст, ҳама мушкилот бояд бо роҳи муколама рафъ шавад.

 

Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 имзо шуда буд, баъд аз даҳ сол дар соли 2002 ба як созмони мустақил табдил ёфт.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.