Соли равон ғаллакорони Кӯлоб аз нақшаи пешбинишуда 15 ҳазор тонна камтар ҳосили гандум ба даст оварданд

Кӯлоб. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ғаллакорони 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз масоҳати беш аз 80 ҳазор га замин 126 ҳазору 770 тонна ҳосили гандум гирифтанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 15 ҳазор тонна камтар аст. Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Абдулло Раҷабов мегӯяд, ки ҳарчанд кишоварзони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Данғара ва Балҷувон нақшаи […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ғаллакорони 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз масоҳати беш аз 80 ҳазор га замин 126 ҳазору 770 тонна ҳосили гандум гирифтанд, ки аз нақшаи пешбинишуда 15 ҳазор тонна камтар аст.




Сармутахассиси раёсати минтақавии кишоварзии Кӯлоб Абдулло Раҷабов мегӯяд, ки ҳарчанд кишоварзони ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Данғара ва Балҷувон нақшаи истеҳсолиро барзиёд иҷро карда бошанд ҳам, вале ин ба иҷрои нақшаи умумӣ мусоидат накардааст. «Деҳқонони Фархор ҳамагӣ 7,5 ҳазор тонна ҳосили гандум рӯёнидаанд ва ин дар ҳолест, ки нақшаи пешбинигардидаи онҳо 21 ҳазору 251 тоннаро ташкил медиҳад», – гуфт ӯ.



Мутахассис бар он назар аст, ки ба ҷуз омили инсонӣ омили табиӣ низ ба камшавии ҳосил асар карда, деҳқонони аксари ноҳияҳои минтақа аз хушксолии имсола аз заминҳои кишт танҳо ба гирифтани коҳ ноил гаштанд. Бар асари хушксолӣ кишоварзони ноҳияи Шӯрообод – ҳадди ақал 2,4 ҳазор тонна, Мӯъминобод ва Данғара – қариб 2 тоннагӣ ҳосилро талаф доданд.



Камшавии ҳосил ба нарх дар бозорҳо аллакай таъсири худро расонидааст. Феълан 1 кило гандум 2,2 сомонӣ арзиш дошта, нони муқаррарӣ бо нархи 2-2,5 сомонӣ фурӯхта мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.