Сарони кишварҳои узви СААД Эъломияи Маскавро қабул намуданд

Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дирӯз дар шаҳри Маскав доир гашт, Эъломияи Маскав қабул карда шуд. Дафтари матбуоти президенти Русия иттилоъ медиҳад, ки дар Эъломия ба рӯйдоди Қафқоз ва дигар масоили умдаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи ягонаи кишваҳои узв баён шудааст. Дар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки дирӯз дар шаҳри Маскав доир гашт, Эъломияи Маскав қабул карда шуд.




Дафтари матбуоти президенти Русия иттилоъ медиҳад, ки дар Эъломия ба рӯйдоди Қафқоз ва дигар масоили умдаи сиёсати ҷаҳонӣ мавқеи ягонаи кишваҳои узв баён шудааст. Дар Эъломия мавқеи СААД перомуни масоили амнияти глобалӣ, вазъи қазияи Эрон, Ироқ ва нимҷазираи Корея ифода гардидааст.



Дар ҷаласа ҳамчунин Нақшаи амалиёти муштараки кишварҳои узви СААД оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2008-2012 ва Барномаи фаъолияти муштарак бобати ташкили низоми амнияти иттилоотии кишварҳои узви созмон тасдиқ карда шуданд.



Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ҳамчунин «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани фаъолият зидди қочоқи маводи мухаддир дар доираи СААД» қарори дахлдор ба тасвиб расонид.



Илова бар ин, дар ҷаласаи шӯро масъалаи ҷараёни иҷрои Нақшаи бунёди эътилофи низомӣ низ муҳокима гардида, ба қарори Шӯрои СААД аз соли 2001 дар бораи таъсиси гурӯҳи низомии фаврии зудамали созмон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ислоҳот ворид гардид. Иштирокдорони ҷаласаи шӯро Муқаррароти таҳия, молиягузорӣ ва амалисозии барномаҳои ҳадафноки байнидавлатии СААД-ро маъқул шумориданд.



Дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД сарварони кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.