Дар Душанбе парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппинро баррасӣ мекунанд

Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппин Гарсиа Ҷон Гардовси, ки ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, ҷараён дорад. Дар сӯҳбат ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиа додрас Савриддин Тошев изҳор дошт, ки шаҳрванди хориҷӣ ба ҷурми кӯшиши интиқоли 3 кило маводи мухаддир […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт мурофиаи додгоҳии парвандаи ҷиноии шаҳрванди Филиппин Гарсиа Ҷон Гардовси, ки ба муомилоти ғариқонунии маводи мухаддир гумонбар дониста мешавад, ҷараён дорад.




Дар сӯҳбат ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи мурофиа додрас Савриддин Тошев изҳор дошт, ки шаҳрванди хориҷӣ ба ҷурми кӯшиши интиқоли 3 кило маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Туркия гумонбар дониста шуда, ба ӯ тибқи моддаҳои 200, к.4, 32, қ.3 ва 289, қ.2 айбнома эълом шудааст.



Ба гуфтаи додрас, гумрукчиёни фурудгоҳ дар ҳамдастӣ бо хадамоти махсуси ҷумҳурӣ аз кӯшиши интиқоли маводи мухаддир ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ намуданд. Ёдрас мекунем, ки шаҳрванди Филиппин ҳангоми азназаргузаронии бағочи мусофирони ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истанбул боздошт гардидааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.