Сафорати ИМА ба ТҒД ва ВАО-и Тоҷикистон ба маблағи наздик ба $95 ҳазор 13 бурс ҷудо намуд

Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон маросими баимзорасӣ ва супурдани 13 бурс ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва васоити ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон ба маблағи беш аз 94 ҳазор доллари ИМА доир гашт. Намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ниша Кваст изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА минбаъд низ […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 6-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дирӯз дар сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) дар Тоҷикистон маросими баимзорасӣ ва супурдани 13 бурс ба Ташкилотҳои ғайридавлатӣ (ТҒД) ва васоити ахбори оммаи (ВАО) Тоҷикистон ба маблағи беш аз 94 ҳазор доллари ИМА доир гашт.




Намояндаи сафорати ИМА дар Тоҷикистон Ниша Кваст изҳор дошт, ки ҳукумати ИМА минбаъд низ барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши иҷтимоӣ ва дастгирии дифоъ аз ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон кӯмаки худро дареғ нахоҳад дошт.



Бурсҳоро асосан ташкилотҳои ғайридавлатие соҳиб гаштанд, ки дар бахши бонкиву ҳуқуқшиносӣ ва

 

адлия фаъолият доранд. Миёни васоити ахбори омма ҳафтаномаи «Нигоҳ» ба гирифтани бурс мушарраф гашт, ки бо ин маблағ ният дорад дар шабакаи ҷаҳонии Интернет сомонаи иттилоотиву таҳлилӣ ифтитоҳ намояд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.