Кӯдакони хизматчиёни низомии артиши Чин, ки бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ҳафтае меҳмони Душанбе хоҳанд шуд

Date:





           

Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз бо даъвати Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Душанбе кӯдакони хизматчиёни низомии артиши вилояти Сичуани Чин, ки моҳи майи соли равон бар асари заминҷунбӣ зарар дидаанд, ба Душанбе омаданд.









           

Сардори дафтари матбуоти вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки кӯдакон дар меҳмонхонаи «Пойтахт» зиндагӣ карда, зимни сафар аз тамоми ҷойҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон боздид хоҳанд кард. «Мо мекӯшем, ки ин сафари онҳо ба Тоҷикистон як умр дар нақши хотирашон боқӣ монад», – гуфт Ф.Маҳмадалиев.








           

Ба қавли Ф.Маҳмадалиев, меҳмонони хурдсолро вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ба ҳузур пазируфта, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим хоҳад кард. Тамоми хароҷоти сафар, будубош ва истироҳату фароғати кӯдакони Чинро вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ гирифтааст.








 







ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...