Душанбе. 8-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон 17-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро ҷашн мегиранд.
Расо ҳабдаҳ сол қабл дар Иҷлосияи Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эълон гардида буд.
Тайи ин 17 соли пур аз нишебу фароз Тоҷикистон солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва бӯҳронҳои зиёдеро паси сар кард ва устуворонаву мунтазам ба роҳи соҳибистиқлолӣ гом мебардошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба ифтихори ин ҷашн изҳор дошт, ки «ҳабдаҳ сол пеш миллати кӯҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург ва муқаддас – истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло мову шумо ин рӯйдоди муборак, яъне тантанаи адолати таърих ва бо силсилаи давлатдориҳои чандинҳазорсолаи ниёгонамон пайвастани оини давлатдории навини худро бо камоли ифтихору сарфарозӣ ҷашн мегирем. Дар баробари ин иди бузурги умумимиллӣ мо ҳамчунин 1150-солагии зодрӯзи қофиласолори адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро, ки бо қарори ЮНЕСКО дар саросари олам ҷашн гирифта мешавад, инчунин Соли бузургдошти забони тоҷикиро таҷлил менамоем, ки ин нишонаи ростини пайванди фарҳангу суннатҳои деринаи давлатдории мо бо истиқлолияти воқеии миллатамон мебошад».






