Чин дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли сементи иқтидори 1 млн. тонна дар як сол бунёд карданист

Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду ширкати чиноӣ ният доранд, дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли сементи иқтидори 1 млн. тонна дар як сол бунёд намоянд. Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки ҳафтаи сипаришуда дар Урумчӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ду ширкати чиноӣ Протокол оид ба […]

Валентина Кондрашова


Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ду ширкати чиноӣ ният доранд, дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли сементи иқтидори 1 млн. тонна дар як сол бунёд намоянд.




Аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор доштанд, ки ҳафтаи сипаришуда дар Урумчӣ миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ду ширкати чиноӣ Протокол оид ба

 

нияти сохтмон ба имзо расидааст.



«Мӯҳлати иҷрои лоиҳа бо сармоягузории пурраи ҷониби Чин 30 моҳро дар бар мегирад», – зикр кард сарчашма.



Бино ба иттилои манбаъ, то ахири моҳи сентябр ба Душанбе коршиносони чиноӣ меоянд ва макони сохтмонро ҳукумат ва вазорати энергертикаву саноати Тоҷикистон муайян хоҳанд кард. Дар ин хусус ҳангоми баргузории намоишгоҳи тиҷоратии хориҷии Урумчӣ дар Чин мувофиқа ҳосил шуда буд.



Дар ҳамин ҳол, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки талаботи ҷумҳурӣ ба семент ҳамасола 40 дарсад зиёдтар мешавад ва айни замон он ба 1,5 млн. тонна семент дар як сол арзёбӣ мешавад. Ягона корхонаи бузурги истеҳсоли сементи кишвар «Тоҷиксемент» бо иқтидоои истеҳсолии 1 млн. тонна семент дар як сол ба иллати фарсудашавии таҷҳизотҳо соле то 500 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунад ва барои қонеъ сохтани талабот, ин масолеҳи зарурии сохтмонӣ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин ноҳияро барои латукӯб кардан ва бо тахтачӯб задани ҳамсараш, ки бо марги зан анҷомидааст, ба...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.