Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-плюс» – Кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои пойтахт ба гумони даст доштан дар дуздӣ ба миқдори ниҳоят зиёд сокини шаҳри Душанбе Дилшод Элбековро боздошт намуданд.
Сардори дафтари матбуоти Вазоарти умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадулло Асадуллоев дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки боздоштшуда моҳи маи соли 2007 қулфҳои ду устохонаи истеҳсол ва таъмири маснӯъоти ҷавоҳироти «Рембиттехника»-ро шикаста, аз он ҷо ба маблағи 16 ҳазору 570 сомонӣ тилловорӣ ва ҷавоҳирот ба яғмо мебарад.
Ба қавли М.Асадуллоев, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тайи як сол ӯро ҷустуҷӯ доштанд. «Ҳангоми дастгир намудани ғоратгар, қисмате аз тилловориҳо ва ҷавоҳирот дарёфт гардида, қисмати дигарро боздоштшуда фурӯхта, барои эҳтиёҷоти шахсӣ истифода бурдааст», – изҳор дошт манбаъ.


