Дар Душанбе ҷашни 60-умин солгарди ДДМТ ва профессор Иброҳим Усмонов таҷлил гардид

Date:





 




Душанбе. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ДДМТ) ба муносибати таҷлили ҷашни 60-умин солгарди ДДМТ ва 60-умин солгарди зодрӯзи профессор, доктори улуми техникӣ, мудири кафедраи журналистикаи байнулмилалии донишгоҳ Иброҳим Усмонов конфронси илмӣ баргузор шуд.



Дар конфронс гузориши профессор Асадулло Саъдуллоев дар мавзӯи «Иброҳим Усмонов – таҳқиқотчии журналистика» шунида шуд, ки дар он перомуни саҳми профессор Усмонов дар рушди рӯзноманигории тоҷик ва омодасозии кадрҳои журналистӣ дар кишвар сухан рафт.



Дар конфронс ҳамчунин маҷмӯаи гузоришу мақолот таҳти унвони «Озодамард» низ муаррифӣ гардид, ки дар он гуфтаҳои олимон, сиёсатмадорон ва шогирдони И.Усмонов дар бораи шахсияти ӯ гирдоварӣ карда шудаанд.




 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...