Душанбе. 10-уми сентябр. – Дар шаҳри Самарқанд ба ифтихори таҷлили 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ чорабиниҳои пуршукӯҳи идона доир гаштанд. Дар ин бора аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Ба гуфтаи намояндаи сафорат, яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт номи Рӯдакиро дошта, дар хиёбони марказии пойтахт – Регистон муҷассамаи шоир қомат афрохта, ин хиёбон низ номи Одамушшуароро гирфтааст.
«Чорабиниҳои ҷашнӣ аз гулчанбаргузорӣ зери пояи муҷассамаи шоир оғоз гардида, сипас дар театр наворҳои таърихии давраи ҳаёти шоир ва саҳначаҳо аз рӯи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд», – изҳор дошт манбаъ.
Зикр гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд перомуни ҳаёту эҷодиёти шоир конфронси илмиву амалӣ доир гардида, шеърҳо аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ қироат карда шуданд.


