Дар Самарқанд ҷашни 1150-умин солгарди Абӯабдулло Рӯдакӣ пуршукӯҳ таҷлил гардид

            Душанбе. 10-уми сентябр. – Дар шаҳри Самарқанд ба ифтихори таҷлили 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ чорабиниҳои пуршукӯҳи идона доир гаштанд. Дар ин бора аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд. Ба гуфтаи намояндаи сафорат, яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт номи Рӯдакиро дошта, дар хиёбони марказии пойтахт – Регистон муҷассамаи шоир […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми сентябр. – Дар шаҳри Самарқанд ба ифтихори таҷлили 1150-умин солгарди асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷики Абӯабдулло Рӯдакӣ чорабиниҳои пуршукӯҳи идона доир гаштанд. Дар ин бора аз сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон хабар доданд.




Ба гуфтаи намояндаи сафорат, яке аз кӯчаҳои марказии пойтахт номи Рӯдакиро дошта, дар хиёбони марказии пойтахт – Регистон муҷассамаи шоир қомат афрохта, ин хиёбон низ номи Одамушшуароро гирфтааст.




           

«Чорабиниҳои ҷашнӣ аз гулчанбаргузорӣ зери пояи муҷассамаи шоир оғоз гардида, сипас дар театр наворҳои таърихии давраи ҳаёти шоир ва саҳначаҳо аз рӯи асарҳои ӯ намоиш дода шуданд», – изҳор дошт манбаъ.




           

Зикр гардид, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд перомуни ҳаёту эҷодиёти шоир конфронси илмиву амалӣ доир гардида, шеърҳо аз ашъори шоир бо забонҳои тоҷикиву ӯзбекӣ ва русӣ қироат карда шуданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.