Раиси бахши ҲНИТ дар вилояти Хатлон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт

Date:


Қӯрғонтеппа. 10-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси бахши Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Хатлон Қаландар Садриддинов ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба ҳукумат эълони афвро пешниҳод сохт.




Дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси бахши вилоятии ҳизб изҳор дошт, ки кишварҳои мусулмонӣ дар ин моҳ барои шаҳрвандони худ афви умумӣ эълон мекунанд. «Соли равон ҳатто Исроил дар пешорӯи моҳи шарифи Рамазон шаш нафар мусулмонони гаравгон гирифташударо озод намуд, – гуфт ӯ. – Хеле хуб мешуд, агар ҳукумати Тоҷикистон низ ба чунин иқдом даст мезад ва мо имкон пайдо мекардем, ки аз президент дархост намоем, то аъзои ҳизби моро, ки ба иттиҳоми узвият дар равияҳои мазҳабӣ зиндонӣ шудаанд, афв карда шаванд».



Қ.Садриддинов зикр кард, ки аз шумораи мушаххаси зиндониёне, ки аъзои ҳизб ҳастанд, огоҳ нест, вале таъкид сохт, ки «ба ҳар ҳол, шумораи онҳо кам нест».




 



 




 


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...