Дар Тоҷикистон танҳо 75 дарсади духтарон соҳиби маълумоти миёна мешаванд, – назари коршинос

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи пешбурди имконоти дастрасии духтарон ба маълумоти миёна семинар мегузарад, ки онро намояндагии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон созмон додаанд. Коршиноси байнулмилалӣ, намояндагии ЮНИСЕФ дар Бангладеш хонума Мира Митра дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи пешбурди имконоти дастрасии духтарон ба маълумоти миёна семинар мегузарад, ки онро намояндагии Фонди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҳамдастӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон созмон додаанд.




Коршиноси байнулмилалӣ, намояндагии ЮНИСЕФ дар Бангладеш хонума Мира Митра дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон масъалаи дастрасии духтарон ба гирифтани маълумоти миёна муҳим буда, танҳо 75 дарсади духтарон соҳиби маълумоти миёна мешаванд ва ин дар ҳолест, ки ин миқдор нисбат ба писарон 90 дарсадро ташкил медиҳад.



Ба қавли хонума М.Митра, ин масъала на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаҳои Осиё ва Африқо низ яке аз масъалаҳои мубрами рӯз аст. Мавсуф зикр кард, ки дар ҷаҳон 120 млн. кӯдакон ба маълумоти миёнаи пурра дастрасӣ надоранд, ки аз онҳо 65 дарсадашро духтарон ва боқимондаро писарон ташкил медиҳанд, 72 млн. нафар кӯдакон бошанд, умуман ба таҳсили илм фаро гирифта нашудаанд.



Хонума М. Митра ҳамчунин баён дошт: «Дар Тоҷикистон ва Бангладеш чунин ақидае роиҷ гардидааст, ки хондани духтарон фоидаовар нест, яъне маблағи ба онҳо сарфшуда самар намеорад, зеро онҳо ба воя расида шавҳар мекунанд, вале ин ақидаи ғалат аст. Аз ин рӯ, дар ҳамдастӣ бо вазорати маориф мо ду семинар мегузаронем. Семинари аввал бо худи кӯдакон ва намояндагони васоити ахбори омма ва семинари дуввум бо иштироки волидайни кӯдакон дар деҳот гузаронида мешавад».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.