Имрӯз дар Иркутск аз нишасти СҲШ дар Душанбе натиҷагирӣ мекунанд

Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Иркутски Русия иштирокчиёни Шӯрои тиҷоратии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз нишасти созмон, ки дар таърихи 28-уми август дар Душанбе доир гардид, натиҷагирӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки ҷаласаи навбатии шӯро дар доираи Форуми V -уми иқтисодии Байкал баргузор мешавад. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии форум, иштирокчиёни ҷаласа […]

Виктория Наумова






Душанбе. 11-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Иркутски Русия иштирокчиёни Шӯрои тиҷоратии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз нишасти созмон, ки дар таърихи 28-уми август дар Душанбе доир гардид, натиҷагирӣ мекунанд. Қобили зикр аст, ки ҷаласаи навбатии шӯро дар доираи Форуми


V


-уми иқтисодии Байкал баргузор мешавад.



Тибқи иттилои хадамоти матбуотии форум, иштирокчиёни ҷаласа масоили фаъолияти сохторҳои ҳифзи солимӣ дар кишварҳои узв, татбиқи лоиҳаҳои муштараки энергетикӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, табодули таҷрибаи андӯхта дар соҳаҳои рушди фаъолияти суғурта, лоиҳаҳои амалисозии татбиқ ва дастгирии лоиҳаҳои навоварӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.



Мувофиқи маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, Тоҷикистонро дар ҷаласаи шӯро раиси қисмати миллии Шӯрои тиҷоратӣ аз Тоҷикистон, раиси палата Шарифи Саид намояндагӣ мекунад.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.