Дар деҳаи наздисарҳадии Йол нахустин корхонаи саноатии истеҳсоли сӯзишвории брикет аз партовҳои ангиштсанг ба кор даромад

            Кӯлоб. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қишлоқи наздисарҳадӣ бо Афғонистони Йоли ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон нахустин корхонаи саноатии истеҳсоли сӯзишвории брикет аз партовҳои ангиштсанг ба фаъолимят шурӯъ кард.             Муҳандиси қитъа Сафаралӣ Ҷалолов дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ду корхонаи бузург дар конҳои ангиштсанги Шӯроб (Исфара) ва Шарора (Ҳисор) […]

Турко Дикаев



           

Кӯлоб. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар қишлоқи наздисарҳадӣ бо Афғонистони Йоли ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон нахустин корхонаи саноатии истеҳсоли сӯзишвории брикет аз партовҳои ангиштсанг ба фаъолимят шурӯъ кард.





           

Муҳандиси қитъа Сафаралӣ Ҷалолов дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ду корхонаи бузург дар конҳои ангиштсанги Шӯроб (Исфара) ва Шарора (Ҳисор) бунёд гардидаанд ва нисбат ба онҳо иқтидори корхонаи мазкур каме пасттар аст.




           

Мавсуф зикр кард, ки ашёи хом аз партовҳои кони «Шӯрообод» гирифта мешавад. «Ҳамаи коргарони корхона сокинони маҳаллӣ (17 нафар) мебошанд, ки аксари онҳоро занон ташкил медиҳанд», – гуфт ӯ ва афзуд, ки ба қувваи корӣ ниёз нест, зеро музди меҳнати миёна дар корхона ба 400 сомонӣ баробар аст.




           

С.Ҷалолов мегӯяд, ки барои дастрасии брикет аз маҳаллаҳои аҳолинишини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, қисмҳои низомии минтақа то ахири сол ба миқдори беш аз 1000 тонна фармоишот қабул карда шудааст ва коргарон боварӣ доранд, ки аз иҷрои он бо сарбаландӣ хоҳанд баромад.




 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.