Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори раиси шаҳри Душанбе
аз буҷаи шаҳр барои барқарорсозии низоми дохилии гармидиҳӣ ва таъмини оби гарми таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе беш аз 211 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Сухангӯи раиси шаҳр Шавкат Саидов дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки мувофиқи қарор комиссияи тендерӣ таъсис дода мешавад, ки пудратчии асосии
корҳои сохтмониро интихоб хоҳад кард.
Ба қавли Ш.Саидов, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе вазифадор карда шудааст, ки ҳуҷҷатҳои зарурии баргузории тендер, шартнома бо пудратчии асосиро таҳия намуда, назорати истифодаи маблағҳои ҷудогардидаро таъмин намояд ва иншоотро ҷиҳати қабул ва мавриди истифода қарор додан ба Комиссияи давлатӣ пешниҳод созад.


