Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон: Бо эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам муносибати ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон мусоидтару хубтар хоҳад гаш

Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муфтии ҷумҳурӣ, роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Амонулло Неъматзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли 2009-ро Соли гиромидошти асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам эълон кардан ба ташаккули низоми яккамазҳабӣ дар кишвар мусоидат менамояд, ки дифоъи он аз ҳар гуна низоъ таъмин […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 13-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Муфтии ҷумҳурӣ, роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Амонулло Неъматзода дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли 2009-ро Соли гиромидошти асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам эълон кардан ба ташаккули низоми яккамазҳабӣ дар кишвар мусоидат менамояд, ки дифоъи он аз ҳар гуна низоъ таъмин карда хоҳад шуд.




Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин муносибати мутавозини ҳукуматдорон бо ислом боз ҳам беҳтар хоҳад шуд. Роҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон мутмаъин аст, ки бо эълони Соли бузургдошти Имоми Аъзам муносибати ҷаҳони ислом бо Тоҷикистон мусоидтару хубтар хоҳад гашт.



«Соли 1999 ман аз мамолики араб боздид кардам ва мушоҳида намудам, ки арабҳо на он қадр хоҳони бо кишвари мо ҳамкорӣ кардан доранд, зеро чунин мешумориданд, ки дар кишвари мо то ҳол коммунистон ҳукмронӣ доранд, – идома дод А.Неъматзода. – Акнун ҳангоме ки сарвари давлати мо ба арзишҳои исломӣ арҷгузорӣ намуд, ақидаи онҳо дар бораи кишвари мо ба самти мусбат тағйир ёфта, муносибаташон низ некхоҳонатар хоҳад шуд».



Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки соли оянда аз аҳамияти хоссаи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ бархӯрдор хоҳад буд ва «аз ҳама муҳимаш, амнияти миллии ҷумҳурӣ мустаҳкамтару пурзӯртар хоҳад гашт».


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.