Ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои СААД дар Осиёи Марказӣ нуфузи Русияро дар минтақа тақвият хоҳад бахшид, – назари коршиноси сиёсӣ

Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси сиёсии тоҷик Парвиз Муллоҷонов мӯътақид аст, ки ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Осиёи Марказӣ нуфузи бартариятноки Русияро дар минтақа тақвият бахшида, барои вуруди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) боз як монеъае эҷод хоҳад сохт. «Дар оянда барои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 15-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Коршиноси сиёсии тоҷик Парвиз Муллоҷонов мӯътақид аст, ки ташкили гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар Осиёи Марказӣ нуфузи бартариятноки Русияро дар минтақа тақвият бахшида, барои вуруди нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) ва Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) боз як монеъае эҷод хоҳад сохт.




«Дар оянда барои Тоҷикистон ташкили чунин гурӯҳи нерӯҳо ҷиҳати кафолати таъмини амният ҳангоми ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя манфиатовар хоҳад буд, вале танҳо дар сурате, ки аз Тоҷикистон хароҷотҳои молиявӣ талаб карда нашавад», – гуфт ӯ.



Коршиноси сиёсӣ ҳамчунин таъкид сохт, ки «гурӯҳ на барои дахолат ба корҳои дохилии кишварҳо, балки бояд барои дифоъи кишварҳои минтақа аз таҳдидҳои берунӣ истифода шавад».



П.Муллоҷонов ёдовар шуд, ки чунин масъала ҳанӯз миёнаи солҳои 90-уми асри гузашта рӯйи кор омада буд, вале ба иллати норасоии захираҳову воситаҳои зарурӣ ва норозигии чанде аз кишварҳо он то имрӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст. «Айни замон захираву воситаҳои молиявӣ басанда аст ва ба фикри ман, дигар ҳеҷ садду монеъае барои ҳалли мусбати ин масъала вуҷуд надорад», – афзуд коршинос.



Ёдрас мекунем, ки рӯзи 12-уми сентябр дабири кулли СААД изҳор дошт, ки «дар сурати розигии ҳамаи кишварҳо мо хоҳони он ҳастем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ гурӯҳи панҷгонаи нерӯҳои амнияти дастаҷамъиро дошта бошем ва ин гурӯҳ аз нерӯҳои чаҳор кишвари минтақа(Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон) ва Русия иборат хоҳад буд».



Дабири кулли созмон қайд кард, ки имкон дорад, дар минтақа гурӯҳи бузурги нерӯҳои амнияти дастаҷамъӣ ташкил гардад ва ин гурӯҳ пеш аз ҳама, бояд бо назардошти муташанниҷии вазъ дар Афғонистон суботи сиёсиро дар минтақа таъмин созад.



«Бояд даҳ баталёни нерӯҳои дастаҷамъии фаврии зудамал асоси нерӯҳои панҷгонаро ташкил диҳанд», – афзуд Н.Бордюжа. Ба гуфтаи ӯ, қарори таъйини шумора ва фаъолияти минбаъдаи ин нерӯҳоро намояндагони кишварҳои созмон пас аз қабули қарори сиёсӣ мушаххас хоҳанд кард.



Ба ҳайати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ давлатҳои Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шомил мебошанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.