Дар Ню Йорк иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ оғоз гардид

Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Ню Йорк иҷлосияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба кор шурӯъ кард. Тибқи хабари Маркази иттилооти СММ, сарфи назар аз он, ки иҷлосия имрӯз оғоз мегардад, сарони давлатҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. Баҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд. Аз минбари Ассамблеяи […]

Виктория Наумова


Душанбе. 16-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Ню Йорк иҷлосияи Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ба кор шурӯъ кард.




Тибқи хабари Маркази иттилооти СММ, сарфи назар аз он, ки иҷлосия имрӯз оғоз мегардад, сарони давлатҳо баҳсҳояшонро ҳафтаи оянда оғоз хоҳанд кард. Баҳсҳо аз 23-уми сентябр то 1-уми октябр давом мекунанд. Аз минбари Ассамблеяи генералӣ сарони кишварҳои беш аз 120 давлат, вазирони умури хориҷӣ ва роҳбарони ҳайатҳо суханронӣ хоҳанд кард.



Дар иҷлосия сарони кишварҳои Бразилия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Фаронса, Сербия, Аргентина, Габона, Эрон, Гурҷистон, Литва, Украина, Қирғизистон суханронӣ мекунанд. Суханронии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 25-ми сентябр ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин дар иҷлосия суханронии вазири умури хориҷии Русия низ пешбинӣ шудааст.



Дар доираи иҷлосия бахшида ба шарҳи дастовардҳои Баёнияи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола баргузории чорабиниҳо дар назар буда, дар сатҳи баланд машварат дар мавзӯи «Талаботи рушди Африқо: ҷараёни иҷрои ӯҳдадориҳои гуногун, мушкилоти ва роҳ ба пеш» доир хоҳад гашт.



Дар қисми асосии иҷлосияи 63-уми Ассамблеяи генералии СММ баррасии беш аз 120 банди рӯзномаи ҷаласа оид ба масоили, таъмини сулҳу субот, мубориза алайҳи терроризм, дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ҳифзи муҳити зист ва як қатор масъалаҳои дигари иқтисодиву иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар иҷлосия ҳамчунин муҳокимаи масъалаи ислоҳоти Шӯрои амнияти СММ, вусъат бахшидани фаъолият дар бахши мубориза бо бемории СПИД низ идома хоҳад ёфт.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.