Д.Атовуллоев: ««Ин қарор барои ман ғайриинтизор нест!»»

            Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷони Атовулло изҳор дошт, ки қарори додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи аз болои ӯ оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ барояш ногаҳониву ғайриинтизор нест.             Ӯ мегӯяд, ки аз чунин ранг гирифтани кор хабардор буд. […]

Марат Мамадшоев



           

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» муассиси газетаи «Чароғи рӯз» ва роҳбари ҳаракати «Ватандор» Додоҷони Атовулло изҳор дошт, ки қарори додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи аз болои ӯ оғоз намудани парвандаи ҷиноӣ барояш ногаҳониву ғайриинтизор нест.





           

Ӯ мегӯяд, ки аз чунин ранг гирифтани кор хабардор буд. «Ман аз тарзи фикрронии мансабдорони тоҷик огоҳам ва медонам, ки онҳо одат кардаанд, дар симои рӯзноманигор душманро бубинанд ва бо ин амал бори дигар собит сохтанд, ки муносибати онҳо бо матбуот чӣ гуна аст», – гуфт ӯ.




           

«Намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон борҳо дар бораи истирдоди ман ба Тоҷикистон бо ҳамтоҳои русиягиашон гуфтушунид карданд, – гуфт Д.Атовулло. – Онҳо бар чунин назаранд, ки ман ангезандаи асосии муносиботи Тоҷикистону Русия ҳастам ва кайҳо боз нияти ҳабси маро доранд».




           

Д.Атовуллоев чунин мешуморад, ки татбиқи амалии чунин нақшаҳо ғайриимкон аст. «Ахиран ман хеле кам ба Русия сафар мекунам. Гузашта аз ин, дар Олмон ба ман шиносномаи махсус – санади тревелл доданд, ки он тибқи Конвенсияи СММ истирдоди маро ба ҳама кишварҳои ҷаҳон манъ мекунад», – изҳор дошт ӯ.



Ба ақидаи мавсуф, боз шудани парвандаи ҷиноӣ на танҳо ба фаъолияти ӯ, балки ба фаъолияти тамоми васоити ахбори умуми Тоҷикистон, ки ахиран мушкилоти ҷумҳуриро ҷасурона баррасӣ мекуунанд, марбут аст.



Д.Атовулло бар он назар аст, ки барои боз намудани парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ ҳеҷ асосеи ҳуқуқӣ мавҷуд нест. «Ман касеро тӯҳмат накардаам, танҳо ҳама чизи воқеан мавҷударо ошкоро баён кардам –

 

ришвахӯронро ришвахӯру дуздонро дузд номидам, – гуфт ӯ. – Ман ҳеҷ тарсе надорам, зеро маро аллакай ҳабс карданӣ буданд, вале баъдан маҷбур шуданд, ки раҳо созанд».


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.