Дар Душанбе нахустнамоиши спектакли фармоишии Агентии назорати маводи нашъавовар – «Қотили ҷонҳо» доир гашт

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии лоиҳаи зидди маводи мухаддири «МЕДИССА», ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳамоҳангсози он аст, аз рӯи песаи драматург ва нависандаи маъруфи тоҷик Иноят Насриддин нахустнамоиши спектакли «Қотили ҷонҳо» баргузор шуд.   Намояндаи агентӣ Алишер Ташрифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар чаҳорчӯбаи татбиқи амалии лоиҳаи зидди маводи мухаддири «МЕДИССА», ки Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳамоҳангсози он аст, аз рӯи песаи драматург ва нависандаи маъруфи тоҷик Иноят Насриддин нахустнамоиши спектакли «Қотили ҷонҳо» баргузор шуд.

 





Намояндаи агентӣ Алишер Ташрифов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки намоишнома ба мавзӯи фоҷиаи шахсоне, ки барои сарватманд гаштан ба фурӯши нашъа даст задаанд, бахшида шудааст.



Дар нахустнамоиши спектакл намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҳукумати ноҳияҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёни коллеҷҳои гуногуни шаҳри Душанбе иштирок намуданд.



«Рӯзҳои наздик нахустнамоиши спектакл тавассути телевизиони миллӣ ба тамошобинон пешкаш карда мешавад», – зикр кард А.Ташрифов.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.