Имрӯз дар Душанбе барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ семинар оид ба усулҳои кӯмаки тиббии паллиативӣ ба кор шурӯъ кард

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе   семинари панҷрӯза оид ба принсипҳои расондани ёрии паллиативӣ   барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ   дар чаҳорчӯбаи барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»- и ИҶК БМ ба кор шурӯъ кард. Чорабинӣ   дар доираи Меморандум оид ба   ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи […]

root


Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар Душанбе

 

семинари панҷрӯза оид ба принсипҳои расондани ёрии паллиативӣ

 

барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ

 

дар чаҳорчӯбаи барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»- и ИҶК БМ ба кор шурӯъ кард.




Чорабинӣ

 

дар доираи Меморандум оид ба

 

ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти”Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад – Тоҷикистон ба имзо расидааст, баргузор мегардад. Дар




семинар


42


нафар




мутахассисон




аз




зумраи




духтурон


,


ҳамшираҳои




шафқат




ва




кормандони



 



тиббие


,


ки




дар




соҳаҳои




саратоншиносии




калонсолон




ва




кӯдакон


,


масъалаҳои




ВИЧ


,


нигоҳубин




ва




дастгирӣ




кор




мекунанд


,


иштирок




хоҳанд




намуд


.



Барои гузаронидани семинар гурӯҳи мутахассисон аз ИМА: профессор Томас Смит- директории шӯъбаи

 

паллиативии маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, профессор Ҷудит Пейн- мудири барномаи бемориҳои саратон ва гематологияи Донишгоҳи Носвестерни Чикаго, Мэри Каллавей – мудири барномаи байналмилалӣ

 

оид ба ёрии паллиативӣ

 

дар Ню – Йорк, Патрик Койн –

 

мудири маркази бемориҳои саратони маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, Несса Койл-

 

мудири

 

барномаи дастгирӣ

 

ва нигоҳубини беморон ва хадамоти ёрии паллиативии Маркази мемориалии саратоншиносии Слоан- Кетеринги

 

Ню -Йорк ба Тоҷикистон омаданд.



Баъди анҷоми

 

тренинг иштирокчиён оид ба мавзӯъҳои зерин дониш

 

ҳосил мекунанд:



  • Унсурҳо ва шаклҳои

     

    ёрӣ

     

    ба беморон дар охири

     

    ҳаёташон; сари вақт ба нақша гирифтани ёрӣ

     

    ва тартиб додани дастурҳо оид ба хоҳиши беморон доир ба муолиҷаи онҳо дар охири

     

    ҳаёташон;



  • Хусусиятҳои психологии муошират бо беморони шифонопазир ва аъзоёни оилаи онҳо;



  • Бедардгардонии беморони шифонопазир ва фурӯ

     

    нишондани симптомҳои дигар аз рӯи комёбиҳои охирини илми тиб;



  • Қоидаву дастурҳо оид ба таъин кардан ва бекор намудани муолиҷа

     

    ҳангоми ёрии паллиативӣ.






 






Маълумотнома:



Калимаи “Паллиативӣ” аз калимаи лотинии «паллиум» (рӯйпӯш) гирифта шудааст.

 

Мувофиқи таърифи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ

 

Ёрии паллиативӣ

 

– ин ҷамъи усулҳои беҳтар кардани сифати

 

ҳаёти бемор ва аъзоёни оилаи ӯ, ки ба бемории марговар дучор гардидаанд,

 

тавассути

 

сабук гардондани азоб,

 

барвақт ошкор намудан ва

 

баҳодиҳии аниқи душвориҳои бавуҷудомада (ҳангоми синдроми дард ва намудҳои дигари ихтилоли фаъолият), инчунин расондани ёрии психологию иҷтимоӣ

 

мебошад. Дар ин бора ассистенти барномаи “Тандурустии

 

ҷамъиятӣ “-и ИҶК БМ Заррина Қурбонбекова

 

хабар дод.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.