Марзбонон бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд

Душанбе. 23-уми сентябр – Як гурӯҳи сарҳадчиёни нерӯҳои марзбонии кишвар дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд. Боздошти муҷримон аз ҷониби кормандони бахши дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёти густурда сурат гирифтааст.              Ба таъйиди Муҳаммадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сарҳадбонон […]

ozodi.org


Душанбе. 23-уми сентябр – Як гурӯҳи сарҳадчиёни нерӯҳои марзбонии кишвар дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шуданд. Боздошти муҷримон аз ҷониби кормандони бахши дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон будаи Вазорати дохилаи Тоҷикистон бо анҷоми як амалиёти густурда сурат гирифтааст.





 


          

Ба таъйиди Муҳаммадалӣ Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин сарҳадбонон дар воҳиди низомии 21/13-и Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекарданд. Ба қавли манбаъ, аз марзбонони боздоштшуда


25 килограмм

маводди мухаддир ошкор ва мусодира шудааст.




 


          

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи М. Асадуллоев, алайҳи ин низомиён парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст ва корҳои фаврии ҷустуҷӯӣ ба манзури ошкор кардани нафарони дигари ҳамроҳи муҷримони боздоштгардида идома дорад.




 


          

Дар ҳамин ҳол, ба далели халал наёфтани ҷараёни тафтишот дар вазорати мазкур аз бурдани ному насаби афроди гумонбар дар ҷиноят худдорӣ карданд. Танҳо тасдиқ мешавад, ки як нафари боздоштшудаҳо афсар буда, ду узви муҷрими таҳти пайгарди қонунӣ қарор дошта фирор кардаанд.




 


          

Бар тибқи иттиллоъи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар пайи анҷоми амалиёти фаврӣ се марзбони қисми мазкури ҳарбӣ бо гумони нигаҳдории ғайриқонунии маводди мухаддир муттаҳам ва боздошт шудаанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.