Дар Душанбе таркиши шадиде рух дод

Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар наздикии бозори «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе таркиши шадиде ба амал омад. Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бар асари садамаи нақлиёт мошини бензинкаш оташ гирифта, сипас таркиш рух додааст. Ба иттилои манбаъ, автомашинаи мусофирбари ҳаҷман хурди истеҳсоли чиноии «Тангем» ба мошини бензинкаши […]

Аваз Юлдошев/Виктория Наумова


Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Шоми дирӯз дар наздикии бозори «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе таркиши шадиде ба амал омад. Аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки бар асари садамаи нақлиёт мошини бензинкаш оташ гирифта, сипас таркиш рух додааст.




Ба иттилои манбаъ, автомашинаи мусофирбари ҳаҷман хурди истеҳсоли чиноии «Тангем» ба мошини бензинкаши дар канори роҳ қарордошта бармехӯрад. Дар натиҷа мошини бензинкаш оташ гирифта, ба инфиҷори баллонҳои газӣ дар он боис мегардад.

 

«Бар асари сӯхтор автомашинаҳои навъи «Нексия» ва «Опел-Астра», ки дар қабати мошини бензинкаш меистоданд, пурра сӯхтанд, – гуфтанд дар вазорат. -Хушбахтона дар «Тангем» мусофире набудааст ва ронанда низ пас аз бархӯрд худро аз кабинаи мошин ба берун гирифта, ҷони худро ба саломат бурдааст».



Зикр гардид, ки ронандаи 19-солаи автомашинаи «Тангем» Шӯҳрат Усмонов боздошт шудааст.



Бар асари таркиш ба ду микрорайони пойтахт муддати якчанд соат интиқоли барқ қатъ гардид. Илова бар ин, хатҳои ҳаракати тролллейбусҳо низ зарар диданд, ки субҳи имрӯз таъҷилан барқарор карда шуданд.






 





Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.