Кишоварзони ҷумҳурӣ беш аз 95 ҳазор тонна зироатҳои полизӣ ва 145 ҳазор тонна сабзавот ҷамъоварӣ карданд

            Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва захира намудани зироатҳои полезиро давом медиҳанд. Соли ҷорӣ дар майдони 7890   гектар кишти зироатҳои полезӣ гузаронида шуд, ки 5589,6 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта 211,6 гектар зиёд мебошад. Тибқи нақша 121 ҳазору 621 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, […]

root



           

Душанбе. 24-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯзҳо кишоварзони ҷумҳурӣ ҷамъоварӣ ва захира намудани зироатҳои полезиро давом медиҳанд. Соли ҷорӣ дар майдони 7890

 

гектар кишти зироатҳои полезӣ гузаронида шуд, ки


5589,6 гектар

ҷамъоварӣ карда шудааст, ки ин нисбати соли гузашта

211,6 гектар

зиёд мебошад. Тибқи нақша 121 ҳазору 621 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шудааст, ки

 

96794,2 тонна ва ё 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Нисбати соли гузашта 9609,8 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ бошад, 173 сентнериро ташкил дода, нисбати соли гузашта 11 сентнерӣ зиёд аст.





           

Дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) тибқи маълумоти фаврӣ,

 

дар майдони

13214 гектар


  

кишти сабзавот гузаронида шудааст ва то имрӯз 7855,5

 

гектари он ҷамъоварӣ

 

шудааст, ки нисбати соли гузашта

750,2 гектар

зиёд аст. Нақшаи солонаи истеҳсоли сабзавот дар ҷумҳурӣ 328 ҳазору 620 тоннаро ташкил медиҳад, ки то имрӯз 140 ҳазору 446,2 тонна истеҳсол карда шудааст ва 43 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар 179 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 11 сентнер зиёд мебошад. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.