Соли равон дар ҷумҳурӣ ҳосилнокии картошка 212 сентнериро ташкил дод

            Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳаи   картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими таъмини аҳолӣ бо озуқа   шумолрида мешавад.    Дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба ҷамъоварӣ   ва захира намудани картошка машғуланд.   Соли ҷорӣ дар майдони 9626 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки айни замон […]

root



           

Душанбе. 23-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Соҳаи

 

картошкапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳими таъмини аҳолӣ бо озуқа

 

шумолрида мешавад.

  

Дар ин рӯзҳои тирамоҳӣ корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ба ҷамъоварӣ

 

ва захира намудани картошка машғуланд.

 

Соли ҷорӣ дар майдони


9626 гектар

кишти картошка гузаронида шудааст, ки айни замон дар 2830,6 гектари он картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати соли гузашта

285,8 гектар

зиёд мебошад. Тибқи нақша,

 

имсол бояд 212 ҳазору 931 тонна картошка истеҳсол карда шавад.





           

То 22 сентябри соли ҷорӣ 60123,7 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 28,2

 

фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Соли гузашта то ҳамин давра 47366,2

 

тонна истеҳсол гардида буд, Имсол бошад, нисбати соли гузашта 12757,5 тонна зиёд мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 212 сентнериро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 26 сентнери

 

зиёд мебошад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.