Тӯфони баҳрӣ ба соҳилҳои ҷанубии Чин наздик мешавад

Душанбе. 23-уми сентябр – Тӯфони баҳрии «Хагупит», ки дар уқёнуси Ором ба вуҷуд омада буд, айни ҳол ба соҳилҳои ҷанубии Чин наздик мешавад. Тӯфон ҳоло аз соҳилҳои ҷанубии Чин дар масофаи 380 километр қарор дорад. Тибқи хабарҳои расида, дар маҳалҳои истиқоматии ҷануби Чин боғчаҳои бачагона ва мактабҳо баста шуданд. Мақомоти дахлдори вилоятҳои сераҳолии Гуандун ва […]

АМИТ «Ховар»



Душанбе. 23-уми сентябр – Тӯфони баҳрии «Хагупит», ки дар уқёнуси Ором ба вуҷуд омада буд, айни ҳол ба соҳилҳои ҷанубии Чин наздик мешавад.




Тӯфон ҳоло аз соҳилҳои ҷанубии Чин дар масофаи


380 километр

қарор дорад.










Тибқи хабарҳои расида, дар маҳалҳои истиқоматии ҷануби Чин боғчаҳои бачагона ва мактабҳо баста шуданд.




Мақомоти дахлдори вилоятҳои сераҳолии Гуандун ва Гуанси – Чжуанси барои то ҳадди имкон кам кардани зарари тӯфон тадбирҳо меандешанд.









Ба қавли ҳавошиносон, тӯфони мазкур ба киштиҳои моҳидорие хавфи калон дорад, ки айни ҳол дар баҳри Чини ҷанубӣ ба шикори моҳӣ машғуланд. Ба киштиҳо дастур дода шудааст, ки фавран ба бандарҳо баргарданд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.